ВКХ боздошти хабарнигорони Sputnik ва Baltnews дар Латвияро шадидан маҳкум кард

© SputnikЗдание МИД России, архивное фото
Здание МИД России, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи изҳороти вазорат, ҳамчунин фишор алайҳи рӯзноманигорони русзабони оҷонсии иттилоотии Baltnews ва як қатор ходимони ҷамъиятии Латвия сурат гирифтааст.

ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Русия амалкарди мақомоти Латвияро нисбат ба рӯзноманигорони русзабони пойгоҳҳои хабарии Baltnews ва Sputnik Латвия, ки кофтуков карда шуданд, шадидан маҳкум кард, хабар медиҳад РИА Новости.

Қаблан Sputnik хабар дода буд, ки кормандони ин расонаҳо тибқи моддаи 84 Қонуни ҷиноии Латвия - нақзи низоми таҳримоти Иттиҳоди Аврупо айбдор карда мешаванд. Пас аз бозпурсӣ онҳо уҳдадории хаттӣ гирифтанд, ки ин маконро тарк накунанд.

Гуфта мешавад, онҳоро ҷазо дар намуди ҷарима ва ҳабс таҳдид мекунад

“Мо амалҳои таҷовузкоронаи Хадамоти Амнияти Давлатии Латвияро, ки рӯзи 3 декабр алайҳи кормандони бюрои Спутник дар Рига ва рӯзноманигорони русзабон сурат гирифт, ҳамчун намунаи ошкорои вайрон кардани пояҳои ҷомеаи демократӣ - озодии ВАО ва баён медонем. Хотиррасон бояд кард, ки рӯзноманигорон мавриди боздошт, бозпурсӣ ва кофтукоб сурат гирифта, нисбати онҳо парвандаҳои ҷиноӣ оғоз карда шудаанд “, - омадааст дар изҳороти расмии Вазорати корҳои хориҷӣ.

Ба иттилои манбаъ, иттиҳоми вайрон кардани низоми таҳримоти ИА аз ҷониби коргарон Sputnik Латвия комилан ғайриқобили қабул аст. "Ин маҳдудиятҳо хусусияти шахсӣ доранд, шахсан ба директори генералии агентии иттилоотии байналмилалии "Россия сегодня" Дмитрий Киселев рабт дорад ва татбиқи он ба ҳама нафароне, ки бо  медиахолдинг ҳамкорӣ мекунанд дахл надорад", - гуфтааст, ВКХ.

ВКХ ФР: манъи расонаҳои русӣ дар Латвия беэътиноӣ ба озодии сухан аст

Тибқи изҳороти вазорат, ҳамчунин фишор алайҳи рӯзноманигорони русзабони оҷонсии иттилоотии Baltnews ва як қатор ходимони ҷамъиятии Латвия сурат гирифтааст.

“Ҳамаи ин як амали воқеии ҷазоест, ки шубҳаро ба оқибатҳои русҳаросӣ айбҳои сохта боқӣ намемонад. Ин масъала дар ҷаласаи Шӯрои вазирони САҲА матраҳ хоҳад шуд ",- гуфта мешавад дар паём.

"Озодии сухан дар Эстония - таҳдид ба ВАО" Черишева дар бораи вазъи Sputnik Эстония

Вазорат изҳори умедворӣ кард, ки намояндаи нави САҲА оид ба озодии ВАО ба ин рӯйдодҳо сарфи назар намекунад ва ба Латвия "ғайри қобили қабул будани чунин ҳамлаҳо" –ро нисбат ба ВАО, инчунин "зарурати иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти таъмини озодии сухан" -ро қайд мекунад.

Презентация крупнейшего международного информационного бренда Спутник - Sputnik Тоҷикистон
 Черишева: Мавқеи Аврупо нисбати Sputnik Эстония – хомӯшии ҷиноист

Дар навбати худ, сармуҳаррири аршади АИБ “Россия Сегодня” ва RT Маргарита Симонян дар канали Telegram-и худ изҳори умедворӣ кард, ки Русия ба таъқиби ҷиноии кормандони Baltnews ва Sputnik Латвия посух хоҳад дод.

Ёдовар мешавем, чунин вазъият соли гузашта дар Эстония низ рух дода буд.

Роҳбарияти полис ва идораи марзбонии кишвар кормандони Sputnik Эстонияро таҳдид карданд, ки дар сурати қатъ накардани кор дар хабаргузории байналмилалӣ алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз мекунанд.

Ин амалҳо бо таҳримҳои ИА аз 17 марти соли 2014 алайҳи як қатор шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ шарҳ дода шуданд.

Лавров дар бораи Sputnik Эстония: ин боз як доғи дигар ба обрӯи Иттиҳоди Аврупост

Аммо, маҳдудиятҳои ИА на ба АИБ “Россия Сегодня”, ки Sputnik шомил он аст, балки шахсан алайҳи директори генералии агентӣ Дмитрий Киселев нигаронида шудааст.

Лентаи хабарҳо
0