Тағйироти кадрӣ дар Вазорати молия: Достӣ ва Худододова аз мақом барканор шуданд

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз бо судури қароре, ду муовини вазири молияро аз вазифа сабукдӯш кард

ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Бо қарори кишвардори Тоҷикистон Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ аз вазифаи муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардид.

Новый ректор Институт экономики и торговли Таджикского государственного коммерческого университета в  Худжанд - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ: 40 - сола, номзади илм, роҳбари Донишкадаи иқтисод ва савдои Хуҷанд шуд

Ба иттилои котиботи президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, Достиро бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин мақом озод кард.

Зимнан, муовини дигари вазири молия низ аз вазифа сабукдӯш шуд.

"Ҷонмамадова Меҳринамо Худододовна бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардид", - таъкид мешавад дар фармони Раҳмон.

Курсии Шамировро Мирзонабот гирифт: тағйироти кадрӣ дар Бадахшон

Манбаъ меафзояд, бо қарори Раҳмон, Сафарзода Рукмина Сафар муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин директори Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияро аз вазифа барканор кард.

Гуфта мешавад, Султонзода Зебонисо бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молия озод карда шуд.

Бо қарори Раҳмон ба ҷойи Зебунисо, Сафарализода Фаррух Маҳмудҷон такя зад.

Лентаи хабарҳо
0