ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса шаби 1 ба 2-юми декабри соли 2020, рух додааст.
Вазорат мегӯяд, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду нафар ноболиғи 17 ва 16-солаи сокинони кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир карда шуданд.
ВКД зикр мекунад, ки яке аз онҳо пеш бо моддаи 110 ва 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.
Даъвои ду сокини пойтахт ба пулис: якеро соҳибкор ва дигареро собиқ зиндонӣ фиреб дод
"Номбурдагон, шаби 1-ум ба 2-юми декабри соли 2020, тахминан соати 03:45-дақиқа, ҳангоми дар назди китобхонаи "Лоҳутӣ", воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоев қарор доштанашон бе ягон асос ҷавони 22-солаи сокини кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанберо лату кӯб намуда, бо корди кисагӣ таҳдид кардаанд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.
Гуфта мешавад, гумонбарон аз дасти ҷабрдида бо роҳи зӯроварӣ 1-адад телефони мобилии тамғаи "Самсунг А-6"-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Марди 59 - сола писарони амакашро корд зад
Зарари расонидашуда 1 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.