ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, ба 130 нафар донишҷӯёну магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят дар маҷмуъ ба маблағи 134 ҳазору 500 сомонӣ стипендия супорид.
Тибқи иттилои котиботи ҳукумати Суғд, барандаҳои стипендия аз ҷониби комиссия интихоб ва пешбарӣ мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар миқёси вилоят алҳол 7 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият мебаранд, ки дар ин муассисаҳо аз рӯи 130 ихтисос мутахассис тайёр карда мешавад.
Котиботи ҳукумати Суғд афзуд, дар соли хониши 2020-2021 шумораи умумии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят дар маҷмӯъ беш аз 69 ҳазору 642 нафарро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин зикр шуд, ки дар ҳудуди вилоят имрӯз 1267 нафар магистрант ва 82 нафар аспирантон ба таҳсилу таҳқиқ машғуланд.