ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Кумита, зимни сабқатҳо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе аз ҳама зиёд варзишгарони тими Хатлон-1 медал гирифтанд.
Манбаъ аз қавли Федератсияи бадминтони Тоҷикистон тавзеҳ додааст, ки мусобиқа миёни наврасон дар се синну сол байни духтарону писарон, 12-13-сола, 14-15-сола, 16-17-сола баргузор шуд.
"Дар мусобиқа беш аз 100 варзишгар дар ҳайати дастаҳои Душанбе, Хатлон-1, Хатлон-2, Суғд, ВМКБ, Рашт ва шаҳру навоҳии тобеи марказ ширкат карданд", - омадааст дар иттилоия.
Кумитаи олимпӣ таъкид намуд, ки варзишгарони дастаи Хатлон-1 маҳорати баланд нишон дода, бештари медалҳо, аз ҷумла 7 тилло, 9 нуқра ва 1 биринҷиро ба даст оварданд.
"Тими Душанбе сазовори 3 медали тилло, 2 нуқра, 1 биринҷӣ гардид. ШНТМ - 2 тилло, як нуқра, 1 биринҷӣ, Рашт - 2 тилло, 1 биринҷӣ, ВМКБ - 1 тилло, 5 биринҷӣ, Суғд - 3 нуқра, 5 биринҷӣ ва Хатлон-2 як медали биринҷӣ ба даст оварданд", - илова намуд манбаъ.