Омӯзгори рус дар Хуҷанд: маъракаву таъомҳои тоҷикон писандам омад

© Пресс-службы мэрии города ХуджандРусская преподавательница в Худжанде Екатерина Половинкина
Русская преподавательница в Худжанде Екатерина Половинкина  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Екатерина Половинкина аз моҳи сентябри соли 2019 дар муассисаи таълимии "Гулчини маърифат" ба ҳайси омўзгори фанни забон ва адабиёти рус дар синфҳои таълимаш бо забони русӣ дар синфҳои 6-10 дарс медиҳад.

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ба аёдати омӯзгори рус Екатерина Половинкина рафт, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд.

Екатерина Половинкина,  дар Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии "Гулчини маърифат"-и шаҳри Хуҷанд тибқи шартномаи байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия фаъолияти педагогӣ дорад.

Средняя школа в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Аъзои нави хонаводаи маориф: ба Тоҷикистон аз Русия шаш омӯзгори нав омад


"Омӯзгори рус аз ин таваҷҷуҳ ва эҳтиром нисбаташ ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд баён дошта, аз ҷумла изҳор дошт, ки шаҳри бостонии Хуҷанд барояш аллакай бегона нест. Соли сеюм аст, ки дар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ ба хонандагони шаҳри Хуҷанд дарс меомўзонад. Урфу одат, хонаву манзил, бозору маърака, меваю таъомҳои болаззати хуҷандиён барояш хеле писанд аст", - менависад манбаъ.

Бояд қайд намуд, ки Екатерина Половинкина, омўзгори фанни забон ва адабиёти руси Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии "Гулчини маърифат"-и шаҳри Хуҷанд буда, худ зодаи вилояти Нижновгороди Русия мебошад.

50 омӯзгори рус барои таълим додани хонандагон, озими Тоҷикистон шуданд

Мавсуф дар асоси шартнома аз моҳи сентябри соли 2019 дар муассисаи таълимии " Гулчини маърифат" ба ҳайси омўзгори фанни забон ва адабиёти рус дар синфҳои таълимаш бо забони русӣ дар синфҳои 6-10 дарс медиҳад.

Тибқи иттилоъи роҳбарияти Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии "Гулчини маърифат"-и шаҳри Хуҷанд дар муддати фаьолияти кориаш ў худро ҳамчун омўзгори фаъол, эҷодкор ва масьулиятшинос нишон додааст.

Лентаи хабарҳо
0