Дастгири муҳоҷирону варзишгарону донишҷӯён: даргузашти намояндаи "Тоҷик Эйр" дар Русия

© © Facebook / Нуриддин ДавроновКиёмиддин Саидов, представитель "Таджик Эйр"
Киёмиддин Саидов, представитель Таджик Эйр - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қиёмиддин Саидов, намояндаи ширкати "Тоҷик Эйр" дар шаҳри Санкт-Петербург даргузашт. Футболбози номии тоҷик Нуриддин Давронов навиштааст, марҳум дастгири донишҷӯён ва варзишкорони тоҷик буд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Намояндаи ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" дар Санкт-Петербург Қиёмиддин Саидов даргузашт, хабар медиҳанд шабакаҳои иҷтимоӣ.

Бино бар иттилои расонаҳои хабарӣ, марҳум дар пайи сироят аз коронавирус даргузаштааст.

Гуфта мешавад, ӯ чанд рӯзи ахир зери дастгоҳи сунъии нафаскашӣ қарор дошт.

Саидов 43 сол дошт.

Нуриддин Давронов, футболбози номии тоҷик дар саҳифаи фейсбукиаш аз даргузашти Қиёмиддин Саидов хабар дода гуфтааст, ки дастгири донишҷӯёну варзишгарон буд.

"Шахси сахӣ,  шодмон, фарзанди содиқи Ватан аки Қиём, ки нафарони зиёд, аз ҷумла ҷавонон, донишҷӯён ва варзишгаронро дастгирӣ мекард, даргузашт. Ӯ маро низ дар вақти мушкилиам мадад карда буд. Барои ҳамааш ташаккур ба шумо, акаи Қиём", - менависад бо андӯҳ Давронов.
Врач-инфекционист, Хапизов Шавкат Туланович - Sputnik Тоҷикистон
Маризони COVID-19-ро табобат мекарду худ аз он даргузашт: фавти табиби тоҷик дар Русия

Як корбари дигари Фейсбук Амониддин Қодирзода навиштааст, ки марҳум кӯмакашоро ба муҳоҷирони тоҷик дареғ намедошт.

Ин дувумин марги тоҷикистониён дар Русия дар тайи се рӯзи ахир аз бемории ҳамагири коронавирус аст.

30 ноябр  Ҳафизов Шавкат Туланович, яке аз табибони сироятшиноси шинохтаи тоҷик дар Русия дар синни 55-солагӣ даргузашта буд.

Ӯ тавассути барномаи кӯчбандӣ ё “Переселение” соли 2015 ба Русия бо оилааш кӯчид ва то ин замон дар Беморхонаи марказии ноҳияи Сосновскаи вилояти Тамбови Русия кор мекард.

Даргузашти Ҳоҷиев - собиқ мушовири сафири Тоҷикистон дар Русия

Лентаи хабарҳо
0