ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, COVID-19 ба зиндагии муқаррарӣ ба таври муассир таъсир расонида, тамоми кишварҳоро водор кард, ки нақшаҳову ниятҳои қаблан муайяннамудаашонро ҷиддан бознигарӣ намоянд.
“Буҳрони иҷтимоӣ ва молиявию иқтисодие, ки бар асари ҳамагирӣ ба вуқӯъ пайваст, ба нишондодҳои пешбинигардидаи афзоиши иқтисоди ҷаҳонӣ таъсири манфӣ расонида, болоравии сатҳи бекорӣ ва таҳдиди амнияти ғизоиро ба миён овард”, - таъкид доштааст Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамзамон, кишвардори Тоҷикистон зикр кард, ки дар баробари ин, таҳдидҳои ҷаҳонии терроризм, ифротгароӣ, инчунин, шаклҳои гуногуни тундгароӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ бо шумули гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, тамоюли болоравиро доранд.
“Нерӯҳои мухталифи террористиву ифротгаро аз ниятҳои харобиовари худ даст накашидаанд ва дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла бевосита дар наздикии мавзеи масъулияти СААД, фаъолона амалҳои худро идома медиҳанд”, - қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.
Вай афзуд, ки Тоҷикистон бо нигаронӣ раванди ташвишовари вазъият дар Афғонистонро, аз ҷумла дар минтақаҳои шимоливу шарқии он, пайгирӣ менамояд.
Роҳбари давлат гуфт, чунин вазъият аз мо аксуламалҳои саривақтии ҳамаҷонибаро, аз ҷумла тавассути андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати таҳкими ҳифзи сарҳадоти ҷанубии СААД, тақозо менамояд.
Ҳамзамон вай таъкид дошт, ки дар пасманзари вазъияти муташанниҷи имрӯза дар ҷаҳон аҳамияти тақвият бахшидан ба иқтидори СААД барои муқовимати самарабахш ба хатару таҳдидҳои амниятӣ дучанд меафзояд.
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки пас аз ҷаласаи имрӯза вазифаҳои раёсат дар СААД ба Тоҷикистон мегузаранд.
Дар ҳамин ҳол, Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки Тоҷикистон равандеро, ки ба таҳкими ҳамкорӣ дар арсаи таъмини амният ва оромии ҳаёти мардумонамон нигаронда шудааст, идома хоҳад дод.