Боздошти ду сокини пойтахт барои барқдуздӣ-видео

© УМВД по городу ДушанбеДвое душанбинцев задержаны за кражу электроэнергии
Двое душанбинцев задержаны за кражу электроэнергии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри душанбе дар натиҷаи санҷиш ду далели истифодабарии ғайриқонунии нерӯи барқ ошкор кардааст

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Бобоёров Шодӣ дар манзили ба иҷорагирифтааш воқеъ дар кӯчаи Мушфиқии ноҳияи Фирдавсӣ нерӯи барқро берун аз ҳисобкунак истифода бурда, бо ин кирдораш ба буҷаи давлат ба маблағи 3876 сомонӣ зарар расонидааст.

“Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки дар манзили истиқоматии мазкур қоидаҳои бехатарии насби ноқилҳои барқӣ низ риоя намегарданд, ки ин метавонад ба сар задании ҳодисаҳои нохӯш низ сабаб гардад”,-афзудааст, манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, инчунин дар ҷараёни санҷиш муайян карда шуд, ки шаҳрванд Урозов Файзуллои 54-сола сокини пойтахт бо роҳи ғайриқонунӣ ва берун аз ҳисобкунак ноқили барқро ба коргоҳи самбусапазии ба иҷорагирифтааш воқеъ дар кӯчаи Мушфиқӣ насб намудааст.

Ошкорсозии истифодаи ғайримақсаднок ва пинҳонии нерӯи барқ - Sputnik Тоҷикистон
Барқдуздӣ: боздошти кормандони Хадамоти алоқа ва 20 корманди шабакаҳои барқӣ - видео

Ҳамзамон номбурда қоидаҳои бехатариро сарфи назар намуда, инчунин барои пухтани самбӯса аз спиралҳои тафсон истифода карда, бо ин васила ба талофоти барзиёди нерӯи барқ роҳ додаст, мегӯяд манбаъ.

ВУД дар бораи барқдуздӣ хабар дод: як мард ба "Барқи тоҷик" 45 ҳазор сомонӣ зарар расонид

Гуфта мешавад, зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурда дар муддати зиёда аз 3 моҳ 11 ҳазору 880 киловат соат қувваи барқро ғайриқонунӣ истифода бурда, ба буҷаи давлат зиёда аз 7730 сомонӣ зарар расонидааст.

РВКД мегӯяд, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурдагон, ки дидаву дониста даст ба қонуншиканӣ задаанд, санадҳои лозима тартиб дода шуда, нисбаташ чораҳои дахлдори қонунӣ андешида мешавад.

Лентаи хабарҳо
0