ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Бар асоси қарори шаҳрдорӣ, ҳадафи ташкили навбатдорӣ таъмини фаъолияти мунтазами соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагидорӣ дар шаҳр мебошад.
Мансабдорони навбатдор муваззафанд, барои ҳалли саривақтии муроҷиатҳо ва мушкилоти шаҳрвандон дар давраи зимистони солҳои 2020-2021 чораҷӯӣ кунанд.
Роҳбарони идораҳои барқ, об, гармӣ муваззаф шудаанд, ки таъминоти шабонарӯзии аҳолиро назорат намоянд.
“Директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе", Муассисаи давлатии "Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе", Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези шаҳри Душанбе", Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои дахлдори шаҳрӣ ҷиҳати ташкили навбатдории шабона аз ҳисоби кормандон тадбирҳо андешида, вобаста ба хизматрасониҳои коммуналӣ, таъмин намудан бо об, энергияи барқу гармидиҳӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулода чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд”, - омадааст дар қарори Рустами Эмомалӣ.
Рустами Эмомалӣ таъмини иҷрои қарори мазкурро ба зиммаи роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе Саидзода Т. гузоштааст.