Қарори Рустами Эмомалӣ барои роҳандозии “eDonish” дар макотиби Душанбе

© Пресс-служба мэрии ДушанбеРустам Эмомали председатель города Душанбе
Рустам Эмомали председатель города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд” – “Smart City”-и ҳукумати Душанбе барномаи электронии “eDonish”-ро муаррифӣ намудааст, ки бо қарори Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт бояд дар макотиб роҳандозӣ гардад

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Сарраёсати маорифи  Душанбе,  барномаи мазкур тибқи қарори раиси пойтахт, дар бораи татбиқи барномаи электронии “eDonish” дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр, қабул гардид.

Школьники - Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари СҶБ аз кишварҳо хост дари макотибро барои чанд моҳ банданд

“Айни замон он ҳамчун лоиҳаи таҷрибавӣ дар 5 муассисаи таълимии пойтахт, асосан дар литсею гимназияҳо барои хонандагони болаёқат роҳандозӣ гардидааст”, - хабар додааст “Ховар” аз қавли масъулини пойтахт.

Манбаъ тавзеҳ дод, ки барномаи “eDonish” хизматрасонии электронӣ мебошад, ки тавассути он волидони хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз ахлоқу рафтор ва пешрафти донишомӯзии фарзандони худ бо истифода аз воситаҳои иттилоотиву коммуникатсионии муосир ва гирифтани паёмакҳо ба телефонҳои ҳамроҳ ба таври доимӣ бохабар мешаванд.

“Ин барнома ҳамчунин шомили унсурҳои мухталифи иттилоотӣ, аз ҷумла журнал ва рӯзномаи электронӣ, ҷадвали дарсҳои асосӣ ва иловагӣ, назорати давомоти хонандагон ва мониторинги сатҳи дониши онҳо мебошад”, - омадааст дар иттилоия.

Зикр гардидааст, ки тавассути ин барнома волидон метавонанд вазифаҳои хонагии фарзандонашонро аз фанҳои таълимӣ, супоришҳои омӯзгорон ва дигар маълумоти заруриро, ки аз маъмурияти муассисаи таълимӣ мерасанд, бо паёмак ба телефон дастрас намоянд.

Таъкид шудааст, ки барномаи “eDonish” ба муассисаҳои таълимӣ имкон медиҳад, ки бо волидайни хонандагон робитаи боз ҳам зичтар ва доимӣ барқарор намоянду роҷеъ ба раванди таҳсили ҳар хонанда ва сатҳи пешрафти онҳо дар робита бошанд.

Лентаи хабарҳо
0