ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1472 сомонӣ нишон дода шудааст.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кардааст.
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.5566 то 13.6000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.
Хариду фурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз аз 0.1477 то 0.1500 сомонӣ муқаррар кардааст.
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1480 то 0,1505 сомонӣ муқаррар кардаанд.
Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.1480 то 0.1515 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1480 то 0,1515 сомонӣ нишон дода шудааст.
Раиси наву ваъдаи нав: Бонки миллӣ нархҳоро дар бозори дохилӣ устувор нигаҳдорӣ хоҳад кард
БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".