Маъракаи ташхиси ройгон аз бемории СПИД дар Хуҷанд – акс

© SputnikМаъракаи ташхиси ройгон аз бемории СПИД дар Хуҷанд
Маъракаи ташхиси ройгон аз бемории СПИД дар Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъулони Маркази мубориза бо бемории ВНМО дар мавзеъи бозори “Панҷшанбе” и Хуҷанд маъракаи ташхиси ройгон аз ин маризиро роҳандозӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 1 дек – Sputnik. Фирӯз Комилов, директори Маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО (СПИД) дар вилояти Суғд гуфт, ин кор бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва огоҳонидани мардум аз хатари сироятёбии ВНМО аст.

Ӯ гуфт, дар рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи ВНМО, онҳо клиникаи сайёрро ба “Панҷшанбе” аз маконҳои серодами Хуҷанд интиқол дода ва аз хоҳишмандон гирифтани ташхиси ройгони бемориҳоро фароҳам кардаанд.

“Дар дохили клиникаи сайёр (мобильная клиника) ташхиси бемориҳои ВНМО, оташак (РВ) ва зардпарвини навъи В, С гирифта мешавад. Ташхиси ин бемориҳо дар 20 дақиқа хатм мешавад”,-афзуд директор.

Бино ба гуфти Комилов, клиникаи сайёр ба ҳисоби ташхисгоҳ,бо таҷҳизоти сабти барқии дил (ЭКГ), сабти фаросавтӣ (УЗИ) муҷаҳҳаз буда, ҳамзамон аз ҷониби духтури амрози дарунӣ барои мизоҷон маслиҳати ройгони тиббӣ дода мешавад.

Центр по профилактике и борьбе со СПИДом - Sputnik Тоҷикистон
Омори гирифторони ВНМО: қиссаи Нигина, ки аз шавҳараш сироят шуд

Ин клиникаи сайёр, се соли пеш дар доираи барномаи беҳтарсозии шароити хизматрасонии тиббӣ аз ҷониби Русия ба Маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО дар вилояти Суғд тақдим карда шудааст.

То ин ҷониб беш аз 15 ҳазор сокинон аз шаҳру навоҳии Суғд оиди бемории ВНМО ва зардпарвин тавассути ҳамин клиникаи сайёр аз ташхис гузаштаанд. Фирӯз Комилов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон омори гирифторони ВНМО ро шарҳ дода гуфт, ки сар аз соли 2001 то имрӯз 2976 нафар дар Суғд ба ВНМО (СПИД) сироят шудаанд.

Аз ин шумор 1848 мард ва 1128 каси дигар занон буда, дар ин давра 875 нафар аз ҷамъи гирифторони ин беморӣ фавтидаанд.

© SputnikМаъракаи ташхиси ройгон аз бемории СПИД дар Хуҷанд
Маъракаи ташхиси ройгон аз бемории СПИД дар Хуҷанд – акс  - Sputnik Тоҷикистон
Маъракаи ташхиси ройгон аз бемории СПИД дар Хуҷанд

Умарзода дар бораи теъдоди мубталоёни ВНМО дар Тоҷикистон

Бино ба иттилои манбаъ дар даҳ моҳи соли ҷорӣ 214 нафар аз ин беморӣ сироят ёфтаанд. Соли гузашта дар давра 343 нафар гирифторони ВНМО (СПИД) сабт шудаанд.

Раҳмонзода: вазъи ВНМО ва нашъамандӣ байни ҷавонон нигаронкунанда аст

Коҳиши рақамҳои омориро масъулин аз дарёфти иттилои бештари аҳолӣ дар бораи хатару паёмадҳои ин беморӣ марбут медонанд.

Лентаи хабарҳо
0