КОВИД аз торикӣ гурехт: "гиря"-ву хандаи корбарон аз барқкушӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевХуроки шом дар хонаводаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ
Хуроки шом дар хонаводаи тоҷик. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз барқкушӣ шикоят мебаранд. Баъзан, онҳо доди худро аз дасти лимити барқ бо ҳазл, киноя ҳатто шеър ифода мекунанд. Онҳо бар онанд, ки мардум чунон ба мавзӯи барқ дода шуданд, ки ҳатто вабои аср - коронавирусро фаромӯш карданд

ДУШАНБЕ, 1 дек – Sputnik. Аз охирҳои моҳи октябр сар карда, сокинони Тоҷикистон аз барқкушӣ шикоят мебурданд. Миш-мишҳое байни мардум пайдо шуданд, ки ба Тоҷикистон лимити барқ баргаштааст.

Бо гузашти бештар аз як моҳ то ҳол мардуми кишвар дод аз дасти бебарқиву ширкати "Барқи тоҷик" доранд. Ҳанӯз авалҳои моҳи ноябр сухангӯи ширкат Нозирҷон Ёдгорӣ расман эълон карда буд, ки далели қатъи нерӯи барқ дар кишвар, ягон "лимит" набуда, балки таъмири шабакаҳои барқрасониву омодагӣ ба зимистон аст.

Имрӯз, 1 декабр зимистон фаро расидаву акнун касе ҳам шакк надорад, ки лимит дар кишвар дубора ҷорӣ шудааст. Зеро то ҳол барқкушӣ идома дорад.

Дар ҳамин ҳол сокинони кишвар танқисиашон аз барқро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳазлу киноя ва ҳатто шеър баён мекарданд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Дастури Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини барқу гармӣ ба аҳолӣ

Sputnik Тоҷикистон ҷолибтарин гуфтаҳои мардумро дар бораи барқкушӣ дар кишвар ҷамъоварӣ кард.

Бебарқие, ки шоиронро илҳом овард

 Чанде аз шоирон- корбарони фаъоли Фейсбук мавзӯи наверо дар эҷодиёташон кашф кардаанд. Зоҳиран, маҳз барқкушӣ ин маротиба ба онҳо илҳом овардааст.

Исмоил Зарифӣ, шоири тоҷик дар оғози барқкушӣ дар Тоҷикистон чунин навишта буд:

 Ҳафтае шуд дар ҳама ҷо барқ нест,
Байни рӯзу шом дигар фарқ нест.
Хонаҳо сарданду торик, нест об,
"Барқи тоҷик"-ро ҳунар ҷуз зарқ нест.

© Скриншот из сети FacebookСкриншот из сети Facebook
КОВИД аз торикӣ гурехт: гиря-ву хандаи корбарон аз барқкушӣ дар Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон
Скриншот из сети Facebook

Як корбари дигар, Синои Абӯалӣ айнан бо ҳамин маъно киноя кардааст:

© Скриншот из FacebookСкриншоты из Facebook как пользователи шутят и сетуют об ограничение электроэнергии в Таджикистане
КОВИД аз торикӣ гурехт: гиря-ву хандаи корбарон аз барқкушӣ дар Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон
Скриншоты из Facebook как пользователи шутят и сетуют об ограничение электроэнергии в Таджикистане

Зимистон сахт омад, барқ гум шуд,

Тамоми гармиҳои Шарқ гум шуд.

Миёни зиндагии мову дӯзах,

Ба чашми хеш дидам фарқ гум шуд.

Корбари дигаре гӯё ин дуро тасалло мегуфта бошад, навиштааст:

© Скриншот из FacebookСкриншоты из Facebook как пользователи шутят и сетуют об ограничение электроэнергии в Таджикистане
КОВИД аз торикӣ гурехт: гиря-ву хандаи корбарон аз барқкушӣ дар Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон
Скриншоты из Facebook как пользователи шутят и сетуют об ограничение электроэнергии в Таджикистане

Ба барқ дил мабанд, эй марди оқил,

Ки барқ ҳам бевафоӣ дорад охир.

Қисми дигари корбарон, ки ҳунари шоирӣ надоранд, мавзӯи лимитро ба риштаи латифа кашидаанд.

"Дар ҳамин фасли сармову набудани барқу бекорӣ, муҳосиби барқ нихгӯён дар даст ҷиҳози барқҳисобкунакашро бардошта кӯча ба кӯча мегардад, ки пули барқ чинад. Тифоқо ӯ ба кӯчаи Мирзосолеҳ мегузарад ва мегӯяд: - Бобо, пули барқа диҳед. Бобои Мирзосолеҳ дар посух ҷавоб медиҳад: - Та аввал пули шамъҳои сӯхтаи манро деҳ", - нашр кардааст ҳазлашро Имоммуҳаммад Ғоибов дар саҳифаи Фейсбук.
© Скриншот из FacebookСкриншоты из Facebook как пользователи шутят и сетуют об ограничение электроэнергии в Таджикистане
КОВИД аз торикӣ гурехт: гиря-ву хандаи корбарон аз барқкушӣ дар Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон
Скриншоты из Facebook как пользователи шутят и сетуют об ограничение электроэнергии в Таджикистане

КОВИД-ро фаромӯш кардем

Корбарони гурӯҳи "Мо тоҷикистониён" ҳазломез навиштаанд, ки маҳз набудани барқ сабаб шуд, ки онҳо аз бемории ҳамагири коронавирус фаромӯш кардаанд.

"Аз свет гуфтана, КОВИД аз ёдамон рафт, ки чӣ касал буд", - пост кардааст нафаре аз онҳо.

Зери ин навишта корбар нафарони зиёда изҳори хандаву "гаря" кардаанду шарҳҳои зиёде навиштаанд.

"Илоҳо (коронавирус - идора) аз торики гурехта, гумном шавад", - менависад нафаре зери пост.

"Аз хунункӣ мурдам гуфта, гурехта рафт, ба фикрам", - менависад нафари дигар.
Истаравшанские электрические сети - Sputnik Тоҷикистон
Зимистон фаро расид, аммо барқ нест: таъмири “Барқи тоҷик” кай ба анҷом мерасад?

Корбари дигар умуман ин таҷрибаро ба дигарон низ пешниҳод карданӣ шудааст. 

"Ҳамин иқдоми "Барқи тоҷик"-ро ба ҷаҳониён ҳамчун роҳи пешгирӣ аз КОВИД пешниҳод кардан лозим", - менависад вай.

Бибӣ ва НБО "Роғун"

Фарзона Муродӣ дар гурӯҳи Ахбор барои афкори Фейсбук гуфтаи бибашро навиштаву корбаронро "гирёндаву" хандонидааст.

© Скриншот из сети FacebookСкриншот из сети Facebook
КОВИД аз торикӣ гурехт: гиря-ву хандаи корбарон аз барқкушӣ дар Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон
Скриншот из сети Facebook
"Бибии содаам аз ман пурсиданд: духтарам, "Роғун" буд мешавад гуфта, расо таъриф карданду... Он аз мардум барқ мегирад ё ба мардум барқ медиҳад?", - навиштааст рӯзноманигор.

Зери ин пости вай бештар аз дусад нафар тугмаи "класс"-оро пахш кардаанду шарҳҳои зиёде навиштаанд. 

Аз ҷумла нафаре гуфтааст, ки "ҳазлу шухӯро як тараф гузошта, бояд дар фикри чунин шахсони пиронсол шуд, ки дар бебарқӣ бисёр мушкилӣ мекашанд".

"Хазлу шухи як тарафу наход, ки ин рохбарият фикр накунад ки чавонон солиму бе дарду ранҷ майлаш, кудакон, пиронсолон, беморон чигуна шабхои тору хунукро рӯз мекунанд? Рӯзи боз ҳам бе барқу сард", - менависад вай.

Як қисми дигари корбарони фаъоли Фейсбук шикоят аз бебарқиро тариқи аксҳои ҳазломез ифода кардаанд.

Аз ҷумла нафара аз онҳо ба "Барқи тоҷик" муроҷиат карда, гуфтааст, ки мардум "пингвин" нестанд, ки ин ҳамаро таҳаммул карда тавонанд.

© Скриншот из FacebookСкриншоты из Facebook как пользователи шутят и сетуют об ограничение электроэнергии в Таджикистане
КОВИД аз торикӣ гурехт: гиря-ву хандаи корбарон аз барқкушӣ дар Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон
Скриншоты из Facebook как пользователи шутят и сетуют об ограничение электроэнергии в Таджикистане

Нафаре дигаре, ки зоҳиран гирён шудани барқро интизорӣ мекашидааст, навиштааст, ки "на аз барқу на аз барқдиҳандагон хабаре нест."

Муроҷиат ба Президент

Дар ҳамин ҳол, сокинони шаҳри Турсунзода то ба раисҷумҳури кишвар муроҷиат кардаанд, ки аз ин мушкилӣ раҳо ёбанд.

Ба гуфтаи ин сокинон дар шаҳр аз соати 8:30-и субҳ то 15:30-16:30 ва дар деҳотҷойҳо бошад, 6:00-и субҳ то 18:00, ва аз 22:00 то 5:00 барқ хомӯш мешавад.

Онҳо шиква кардаанд, ки рӯзона аз хунукӣ дар хонаҳо нишаста намешавад ва дар хонаҳҳои баландошёна имкони хӯрок омода карданро надоранд.

Сокинон изҳори умедворӣ кардаанд, ки президент ба додашон мерасад.

Ёдрас мешавем, дар ҳамин ҳол президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ахири Ҳукумат, рӯзи 27 ноябр ба масъулин дастур дод, ки аҳолиро бо барқу гармӣ таъмин кунанд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти президент, Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷасала, ба аъзои ҳукумати кишвар ҷиҳати иҷрои саривақтии қарору фармоишҳои ҳукумат барои таъмини кори муназзами муассисаҳои тандурустӣ ва маорифу фарҳанг, таъминоти босифат ва саривақтии аҳолӣ бо барқу гармӣ дастуру супоришҳо додааст.

Лимити барқ кай ба Тоҷикистон расид?

Зимистони соли 2007 бори нахуст дар Тоҷикистон лимити барқ ҷорӣ шуд. "Барқи тоҷик" гуфта буд, ки сатҳи оби рӯди Вахш поён рафт ва дар натиҷа сатҳи оби обанбори НБО Норак низ кам шудааст.

Ҳамин тавр, асосан зимистон сокинон аз барқ танқисӣ мекашиданд. 

Дар натиҷа, 13 январи соли 2017 раисҷумҳури Тоҷикистон бо як изҳороти расмӣ эълон кард, ки аз 14 январи соли 2017 маҳдудият дар таъмини барқ бардошта мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиатномаи худ қайд намуд, ки дар ҳақиқат дар солони соҳибистиқлолӣ норасоии қувваи барқ дар Тоҷикистон яке аз мушкилиҳои асосӣ гардид ва барои бартараф намудани чунин ҳолати ногувор дар кишвар тадриҷан ду нерӯгоҳи бузурги барқи обӣ ва даҳҳо нерӯгоҳи хурд сохта,  хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор бунёд карда шуданд.

Кӯшишҳои Sputnik Тоҷикистон барои гирифтани шарҳи намояндаи ширкати "Барқи тоҷик" дар бораи он ки чаро,  барқкушӣ то ҳол дар Тоҷикистон идома дорад, бенатиҷа анҷом ёфтанд.

Лентаи хабарҳо
0