Ҳазорон нафар дар Париж пас аз латукӯб шудани продюсери сиёҳпӯст даст ба эътироз заданд.
Эътирозҳои густурда дар Фаронса аллакай дуюмин рӯзи истироҳатӣ идома мекунанд. Ду рӯзи гузашта сафи эътирозгарон боз зиёдтар буд.
Онҳо барои ибрози нигаронии худ дар кӯчаҳо ба харобкориҳо даст мезанад, аз ҷумла мошинҳои зиёдро оташ зада, шаҳрро дар гирдоби оташу дуд қарор доданд.
COVID-19: ИА дар гирдоби эътирозҳо алайҳи маҳдудияту дуркориҳо қарор гирифт - навор
Пулис барои пароканда намудани эътирозгарон аз гази ашковар истифода мекунанд.
Ингуна муносибати нохуби кормандони пулис бо муҳоҷирони сиёҳпӯст маротибаи нахуст набуд, чанде пеш низ як сиёпӯстро се пулиси фаронсавӣ то ҷон бохтан буғӣ карданд.
Он замон низ эътирозшои густурда ба ҷонибдорӣ аз ҳуқуқи сиёҳпӯстон аз Фаронса сар шуда ба дигар кишварҳои аврупоӣ интиқол ёфт.