Даргузашти Ҳоҷиев - собиқ мушовири сафири Тоҷикистон дар Русия

© Саҳифаи фейсбукии марҳумАбдувоҳид Ҳоҷиев, собиқ мушовири сафири Тоҷикистон дар Русия даргузашт
Абдувоҳид Ҳоҷиев, собиқ мушовири сафири Тоҷикистон дар Русия даргузашт - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Маскав дар синни 81-солагӣ собиқ сиёсатмадори тоҷик ва собиқ мушовири сафири Тоҷикистон дар Русия Ҳоҷиев Воҳид даргузашт

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Дар бораи даргузашти Воҳид Ҳоҷиев, корманди Шӯрои байналмилалии ҳамватанони Русия, собиқ мушовири сафири Тоҷикистон дар Русия корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додаанд.

Мусульманин в мечети, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Даргузашти Ғайратполвон

Бино бар иттилои манбаъ, Ҳоҷиев имрӯз дар синни 81-солагӣ дар Маскав вафот кард.

Ҳоҷиев соли 1939 дар шаҳри Истаравшан ба дунё омадааст. Собиқ котиби авали ноҳияи Фрунзе, ноҳияи Ленини шаҳри Душанбе ва шаҳри Турсунзода буд.

Дертар  ба ҳайси мушовири сафири Тоҷикистон дар Русия кор кардааст.

Воҳид Ҳоҷиев то имрӯз дар Шӯрои байналмилалии ҳамватанони Русия кор мекард.

Дар бораи далели даргузашти ӯ иттилое нест.

Генерали 72 сола, собиқ сарҳадбон: Ҷаббор Ҳомидов даргузашт

Дар ҳамин ҳол, Ҳоҷиевро корбарон чун сиёсатмадори хуб ва инсони нек тавсиф мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0