ДУШАНБЕ, 28 ноябр - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, рӯзи гузашта, дар пайи садамаи мудҳиш Салимзода Умедабонуи 20-сола, сокини ноҳияи Ашт, донишҷӯи соли 4-уми Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Русия ба ҳалокат расид.
Ба иттилои манбаъ, ҳодиса тахминан соати 19:30-дақиқа рух дода, ронандаи автомашинаи тамғаи “КАМАЗ-53212” (оташангез), Шарофов Ҳайдаралӣ Умаровичи 43 сола, сокини шаҳри Ҳисор, ронандаи ширкати “Байрат-82”, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи А.Навоӣ аз тарафи кӯчаи Ҳамадонии пойтахт ба самти маҳаллаи Зафар, дар рӯ ба рӯи хонаи истиқоматии №464-и кӯчаи Испечак, пиёдагард Салимзода Умедабонуи 20 соларо пахш кардааст.
Ҳалокати пиёдагарду велосипедрон: ду садамаи мудҳиши марговар дар Тоҷикистон
“Дар натиҷа, пиёдагард Салимзода Умедабону ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст”,- афзудааст манбаъ.
ВУД мегӯяд, ҳамзамон рӯзи 26-уми ноябр тахминан соати 17:48-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Санг-Йонг”, Бахтибеков Сайлибек Бахтибековичи 35-сола сокини ноҳияи Рушон аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, пиёдагард Ҷамшедова Ҳалима Давроновнаи 33-сола, сокини деҳаи Вибист, корманди беморхонаи марказии ноҳияи Шуғнонро пахш намудааст, ки дар натиҷа ба ҳалокат мерасад.
Манбаъ мегӯяд, садамаи маргбор ҳангоми ҳаракати ронанда аз самти ҷамоати деҳоти Вер ба самти деҳаи Навобод, дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Қулма” рух додааст.
Садамаи маргбор дар шоҳроҳи "Душанбе-Хоруғ-Қулма": худрав ба дарёи "Ғунд" чаппа шуд
Вазорати корҳои дохила мегӯяд, аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.