ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 36 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат ба 12118 нафар баробар гардид.
Ҳамзамон, дар як шабонарӯзи охир 40 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11518 (95,0%) нафар баробар гардид.
36 кас мариз шуданду 42 тан шифо ёфтанд: омори коронавирус дар Тоҷикистон
Вазорат таъкид мекунад, ки давоми чанд ҳафта дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати маргу мир аз коронавирус сабт нагардида, ҷамъан аз авоили бурузи ин маризӣ 86 нафар ҷони худро аз даст доданд.
Дар ҳамин ҳол, Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват мекунанд, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.