ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Теҳрон маросими ҷоизасупорӣ ба иштирокчиёни Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои "Муқовимат" баргузор гардид, хабар медиҳад рӯзномаи Вечёрка.
Маросими мазкур санаи 23 ноябр баргузор гардид ва як намояндаи Тоҷикистон низ сазовори ҷоиза гашт.
Манбаъ меафзояд, муаллифи сенарияи филми "Дар марз", коргардон ва драматурги тоҷик Искандар Усмонов бо ҷоизаи "Сенарияи беҳтарини филми ҳунарии кутоҳмуддат" мукофотонида шуд.
Филм дар ҳамкорӣ бо коргардони қирғиз Тинчтик Абилқосимов дар "Киргизфилм" ба навор гирифта шудааст.
Филм барои +18 ё поинтар: тағйири қонуни Тоҷикистон “Дар бораи кино”
Қаҳрамонони филми "Дар марз" бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва қирғизӣ ҳарф мезананд. Филм дар асоси саргузашти сокини солхӯрдаи як деҳаи Тоҷикистон, ки барои дидорбинии хешовандонаш ба деҳаи Қирғизистон меравад, таҳия шудааст.
Тавре коргардони тоҷик гуфт, филм 10 рӯз дар минтақаи Ботканди Қирғизистон ба навор гирифта шудааст.
Соли гузашта филми "Дар марз" дар озмуни байналмилалӣ дар VII Форуми филми ҷавони кишварҳои ИДМ "Умут" дар бахши "Мубрамияти ғоя" пирӯз шуда буд.