Генерали 72 сола, собиқ сарҳадбон: Ҷаббор Ҳомидов даргузашт

© пресс-служба г. БустонГенерал-майор Ҷаббор Ҳомидов, собиқ муовини раиси Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Генерал-майор Ҷаббор Ҳомидов, собиқ муовини раиси Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Генерал-майор Ҷаббор Ҳомидов, собиқ муовини раиси Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар синни 72 солагӣ аз дунё даргузашт

ДУШАНБЕ, 28 ноя – Sputnik. Шарифҷон Азизов, узви шӯрои собиқадорони хизмати ҳарбии вилояти Суғд бо тайиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Ҳомидов як ҳафта охир аз бемории сактаи қалбӣ ранҷ мекашид, вале рӯзи гузашта даъвати Ҳақро лабайк гуфту ҷон супурд.

“Дирӯз ба мо хабар доданд, ки генерал Ҳомидов бандагӣ кардаанд. Худо раҳмат кунад, Ҳомидов ба сину солашон нигоҳ накарда, ҳамеша дар чорабиниҳои ҳарбӣ ватандӯстӣ ширкат мекарданд. Равонашон шод бод ба аҳли пайвандонашон сабри ҷамил хоҳонем”,- зикр кард Азизов.

Ҳомидов Ҷаббор 1 январи соли 1948 дар деҳаи Хистеварз (собиқ Қистақӯз) и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст.

Свеча - Sputnik Тоҷикистон
Мотам дар прокуратура: даргузашти генерал – майор, муфаттиши “Парвандаи Мақсуд Икромов”

Баъд аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дар соли 1970 фаъолияти меҳнатиашро минҳайси муҳаррири калони Энсиклопедияи советии тоҷик дар шаҳри Душанбе оғоз кардааст.

Моҳи январи соли 1975 барои хизмати сарбозӣ ба сафи қӯшунҳои сарҳадӣ сафарбар гардида, чун афсар дар бахши разведкаи отряди 81-уми округи ҳарбӣ - сарҳадии Осиёи Миёна кор кардааст. Солҳои 1977-1979 муовини командири камендатураи Сарҳадии отряди 81-умро дар ӯҳда дошт.

Аз соли 1979 то 1986 ҳамчун намояндаи КДБ ИҶШС дар назди мақомоти бехатарии Ҷумҳурии демократии Афғонистон хизмат кардааст.

Солҳои 1984-1985 шунавандаи курсҳои бозомӯзии ҳайати оперативии КДБ ИҶШС дар шаҳри Москва буд.

Солҳои 1987-2002 дар вазифаҳои роҳбарикунандаи округи сарҳадии Осиёи Миёна хизмат кардааст.

Открытие памятника А.Г. Мироненко в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон
Аз генерал то тарҷумон: даргузашти собиқадорони ҷанги Афғонистон дар даври “вируси корона”

Аз феврали соли 2002 то марти соли 2006 дар вазифаи муовини раиси Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Ҷаббор Ҳомидов моҳи марти соли 2006 аз ҳамин вазифа бо унвони Генерал-майор ба нафақа баромадааст.

Ӯ аз сарҳадбонони садоқатманди кишвар буд, ки барои хизматҳои содиқонааш бо орденҳои “Спитамен” дараҷаи 1, “Ситораи Сурх”, Ордени Шуҷоати Ҷумҳурии демократии Афғонистон ва медалҳои Барои хизмати ҷангӣ, Барои хизмати бенуқсон ҳар се дараҷа, Барои ҳифзи аълои сарҳади давлатӣ, медалҳои ҷашнӣ ва Ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Даргузашти боз як генерал: пас аз як моҳи нафақа ва се рӯзи маризӣ

Қарор аст, имрӯз маросими ҷанозаи Ҳомидов дар қабристони шаҳри Бӯстон ба хок супурда шавад.

Лентаи хабарҳо
0