ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Размикори шинохтаи Русия, Александр Емеляненко бар ин аст, ки дар ин сабқат Рой Ҷонс зарфияти бештар барои пирӯзиро дорад.
Ӯ дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии "Все про спорт.ру" таъкид кардааст, ки имконоти Рой Ҷонс бештар аст.
“Имконоти Ҷонс бештар аст, чун ӯ рақобатҳои хеле мураккабро пушти сар кардааст, дар вазни вазнин низ барои рақибонаш рақобати шадидро нишон дод”, - таъкид кард Емеляненко.
Ӯ илова намуд, ки дар ҳар сурат онҳо ба ҳамдигар раҳм нахоҳанд кард ва рақобати хубе хоҳад буд. Ба гуфтаи Емеляненко, Ҷонс сабур аст, метавонад фурсати муносибро интизор шаваду зарбаи шикананда занад.
Сабқати Тайсон ва Ҷонси хурдӣ рӯзи субҳи 29 ноябр тақрибан соати 7:30 бо вақти Душанбе баргузор хоҳад шуд. Тибқи қавоиди маъмул, як шабонарӯз пеш аз рақобат муштзанҳо вазнашонро чен карданд.
То ҳол Тайсон - 58 сабқат гузарондааст, ки дар 50 адад, аз ҷумла дар 44 сабқат бо накаут пирӯз шудааст. Рой Ҷонси хурдӣ 75 сабқат, 66 пирӯзӣ ва 47 нокаут дорад.
Ин нахустин майдондории Тайсон баъди соли 2005 ва Рой Ҷонс баъди соли 2018 мебошад. Рой Ҷонс инчунин шаҳрвандии Русияро низ дорад.