ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Қонуни марбут ба донистани забони русӣ, таърих ва ҳуқуқи Русия аз ҷониби шаҳрвандони хориҷие, ки хоҳиши кору иқомат дар қаламрави кишварро доранд, такмил дода шуд.
Аз ҷумла барои супоридани имтиҳон қоидаҳои нав муайян карда шудаанд.
Маълум шудааст, ки феълан дараҷаи мушкилии имтиҳон аз мақсади сафари хориҷиён ба Русия вобаста хоҳад буд. Яъне имтиҳонсупоранда нияти кор, иқомати муваққатӣ ва ё доимиро дорад.
Дар Русия тартиботи ягонаи гузарондани имтиҳон ва баҳои ҳадди ақал муқаррар ва нархи дақиқи имтиҳон муайян карда мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки минтақаҳои алоҳида феҳрасти муассисаҳоро, ки ҳаққи гирифтани имтиҳонро доранд, мустақилона муайян мекунанд.
Бар асоси қонуни ҷадид, имтиҳонро танҳо муассисаҳое ҳаққи гузарондан доранд, ки шомили феҳрасти расмӣ гардидаанд. Онҳо инчунин ба муҳоҷирон шаҳодатнома медиҳанд, ки муҳлати он аз мақсади ҳузур дар Русия вобаста мебошад.
БАОР гуфт, Тоҷикистон аз ҳамроҳшавӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё чи фоида мебинад
Шаҳодатномаи сесоларо муҳоҷироне мегиранд, ки ҳаққи иқомати муваққатӣ, кор ва ё патентро доранд. Санади бемуҳлатро барои гирифтани иҷозатномаи иқомат – “ВНЖ” медиҳанд.
Қонуни ҷадид 180 рӯз баъди нашри расмияш мавриди амал қарор мегирад.