ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Нуробод кӯмакҳои моддӣ дастрас намуд. Иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорат.
Бино бар иттилои манбаъ, бо мақсади омодагӣ ба фасли зимистон ва зимистонгузаронӣ як зумра маводҳои либоса, таълимӣ ва хурокворӣ супорида шуд.
Гуфта шудааст, ки вазир 110 дона курткаи зимистона, 135 ҷуфт пойафзол, 50 литр равған, 10 халта орд, 40кг гӯшт, 50 кг биринҷ, 50 кг шакар, 200 адад ниқоби муҳофизатии тиббӣ, 20 адад моеъи антисептикӣ, 135 дона ручка, 135 дона дафтар ва 20 қуттӣ бур ба таълимгарони Мактаб интернати мазкур супорид.
Завқӣ Завқизода дар назди таълимгирандагон таъкид доштааст, ки амалҳои хайру савоб, аз ҷумла ғамхорӣ зоҳир намудан ба ятимону бепарасторон, пирону эҳтиёҷмандон, маъюбону камбизоатон ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.
Кӯмаки бештар намоед: Завқизода аз СММ чӣ хост?
Айни замон дар Мактаб интернати ҷумҳуриявии кудакони ятими ноҳияи Нуробод 135 нафар хонандагон бо шароитҳои хуб таълиму тарбия мегиранд.