Дар пойтахт ноболиғи 13- сола барои мошинрабоӣ дастгир шуд

© PixabayУгон автомобиля, архивное фото
Угон автомобиля, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ноболиғи 13- сола, ки дар мошинрабоӣ гумонбар дониста мешавад, хабар дод

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон писарбачаи боздоштшуда сокини ноҳияи Рӯдакии пойтахт буда ҳамагӣ 13- сол доштааст. Ӯ хонандаи синфи 7-уми МТМУ будааст. 

Подростки - Sputnik Тоҷикистон
Бо корд ҳамла кардани ноболиғ ба хонандагони синфи 10: пулис волидонро ҷарима кард- навор

Манбаъ хабар додааст, ки ахиран ба ШВКД ноҳияи Исмоили Сомонӣ марди 24- солаи сокини кӯчаи Рӯдакии пойтахт муроҷиат кардааст.

Ӯ ба кормандони милитсия муроҷиат намудааст, ки санаи 24-уми ноябри соли равон, тахминан соати 03:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди бинои истиқоматиаш автомашинаи шахсиаш “Мерседес-Бенс”-ро ғайриқонунӣ ронда бурдаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, зарари расонидашуда 45 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Гуфта шудааст, ки ҳангоми амалиёт аз ҷониби кормандони милитсия, ноболиғ, писарбачаи 13-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, хонандаи синфи 7-уми МТМУ, ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ ронда бурдани автомобил бидуни мақсади тасарруф, дастгир карда шуд.

Манбаъ таъкид доштааст, ки аз ҷониби кормандони милитсия ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0