ДУШАНБЕ, 24 ноя – Sputnik. Дар ҳукумати кишвар имрӯз таъйиноти кадрӣ сурат гирифта, бар асоси он Баҳоваддин Баҳодурзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд таъйин шудааст.
Ӯ дар ин мақоми вазифавӣ, ҷойи Сулаймонзода Акрам Раҳимро иваз намуд.
Сулаймонзода, 30 январи соли ҷорӣ аз вазифаи раиси ноҳияи Спитамен барканор ва раиси шаҳри Исфара таъйин шуда буд.
Зимнан бо омадани Баҳодурзода ба шаҳри Исфара, Сулаймонзода муовини раиси вилояти Хатлон таъйин шудааст. Баҳодурзода то ин замон муовини раиси вилояти Суғд буд.
Баҳоваддин Баҳодурзода 10 феврали соли 1976 таваллуд шудааст. Соли 1999 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намуда, фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси мутахассиси Раёсати адлияи вилояти Суғд оғоз намудааст.
Дар солҳои гуногун дар вазифаҳои машваратчии Раёсати адлияи вилояти Суғд, машваратчии калони Раёсати адлияи вилояти Суғд, муовини сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд ва нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов кор кардааст.
Тағйироти кадрӣ: барканории Акрамзода аз раҳбарии ноҳияи Рӯдакӣ ва мансаби нави Исматзода
Аз соли 2013 то 14 феврали соли 2019 дар вазифаи сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд фаъолият дошт.
Бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 14 феврали соли 2019 муовини раиси вилоят таъин гардида буд.
Усули домино: чаро дар Тоҷикистон тағйироти кадрӣ амалӣ мешавад?
Бо фармони раисиҷумҳур, аз 24 ноябр иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара таъйин шудааст.