Низомиёни тоҷику рус дар кӯҳҳои Тоҷикистон "террористон" - ро маҳв карданд - навор

Обуна шудан
Низомиёни пойгоҳи 201-уми Русия дар кӯҳҳои Тоҷикистон тамрин карда, террористони шартиро дар паи амалҳои вижа нобуд карданд

Сарбозони пойгоҳи низомии 201-и Русия ва Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар тамрингоҳи Лоҳур як тамрини навбатӣ баргузор карданд.

Учения Центр-2019 в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Низомиёни Русия дар Тоҷикистон таҷрибаи ҷангии андӯхта дар Сурияро тамрин мекунанд

Дар ҷараёни тамрин, онҳо маҳви террористҳои шартиро дар шароити кӯҳистон нишон доданд.
Задухӯрд пас аз рахна шудани марзи давлатӣ аз ҷониби террористон оғоз ёфт.

Дар ин асно, экипажи ҳавопаймои бесарнишин бо миномётҳо ва мошинҳои зиреҳпӯш якчанд сутунҳои душманро пайдо карда, фавран макони ҷойгиршавии онҳоро ба пости фармон интиқол дод.

Шойгу ба низомиёни Тоҷикистон медал тақдим кард

Дар видео маълум аст, ки душман тавасути "Гвоздика" ва чархболҳои Ми-24  иҳота гардида, ҳамин тариқ гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ шикаст дода шуданд.

Ёдовар мешавем, дар тамринҳои муштарак беш аз 3 ҳазор низомии Русия ва беш аз 550 адад силоҳу таҷҳизот ба кор бурда шуд.

Аз ҷумла, аз БМП-2М, зиреҳпӯшҳои БТР-82А, БТР-80, системаҳои артиллерии "Град", "Ураган", гаубитсаи худгарди "Гвоздика" ва "Акатсия" истифода бурда шуд.

Лентаи хабарҳо
0