Рустами Эмомалӣ бо нахустин сафари расмӣ вориди Маскав шуд

Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе бо як сафари расмӣ озими Маскав шуд.

ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik.  Бино ба иттилои Наврӯз Қурбонзода, ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо ВАО,  сафари расмии Рустами Эмомалӣ субҳи имрӯз ба Русия сурат гирифт.

Мужчина закрывает портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тағйирот дар "команда"-и Рустами Эмомалӣ: Қурбонзода Амирхон кист?

Ба иттилои манбаъ, дар ин сафар Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Номбурда гуфт, дар фурудгоҳи "Внуково-2"-и шаҳри Маскав раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Умаханов И.М. ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Ин нахустин сафари расмии Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав аст.

Рустами Эмомалӣ ва Иноятов дурнамои муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ карданд

Барнома ва ҳадафҳои дақиқи сафари Рустами Эмомалӣ ба Маскав ҳанӯз эълон нашудаанд.

Як сол қабл, Рустами Эмомалӣ нахустин сафари расмии худро ба Ӯзбекистон анҷом дода буд.

Лентаи хабарҳо
0