Макони ишқварзӣ ба ивази 120 сомон: боздошти зани 41-сола барои ташкили фоҳишахона

CC0 / Pixabay / Ноги, архивное фото
Ноги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати  умури дохилии Тоҷикистон як зани 41-солаи сокини кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахтро бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт кардааст

ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik.  Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, боздоштшуда хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил додааст.

Комната в общежитии президентского лицея в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Ошкоршавии ташкили ду фоҳишахона, яке дар деҳа дар Суғд - шарҳи ВКД

Манбаъ мегӯяд, номбурда, 23-юми ноябри соли 2020, дар хонаи истиқоматиаш барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба ҷавони 21 сола ва ҷавонзани 22-солаи сокинони шаҳри Душанбе шароит фароҳам оварда, аз онҳо 120 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

“Ҳамчунин, номбурда ҳамон рӯз дар хонаи истиқоматиаш барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба ҷавони 23-сола ва ҷавонзани 20-солаи сокинони пойтахт шароит фароҳам оварда, аз онҳо 120 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст”, - афзудааст, манбаъ.

Боздошти зани 47 сола барои ташкили фоҳишахона: ду нафарро шинос карду 400 сомон гирифт

Гуфта мешавад, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0