ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Дар соли 2021 қимати патент барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар қаламрави вилояти Томски Русия кору фаъолият мекунанд, имкон дорад тағйир ёбад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти думаи қонунгузори вилояти Томск.
Қимати патент дар қаламрави ин минтақа тақрибан 4317 рубл дар як моҳро ташкил хоҳад дод. Бояд гуфт, ки то имрӯз қимати патент дар ин минтақа 4193 рублро ташкил медод.
Ҳамин тавр, арзиши патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ тақрибан ба 120 рубл афзоиш хоҳад ёфт.
Тибқи омор дар вилоят дар соли равон бино бар паҳншавии вируси корона теъдоди муҳоҷирон ба маротиб коҳиш ёфтааст. Гуфта шудааст, ки аз 13,7 ҳазор муҳоҷири меҳнатие, ки қаблан ба вилояти Томск ворид мешуд, имсол бино бар пандемия ҳамагӣ 4,3 ҳазор муҳоҷир ба ин минтақа ворид шудааст.
Инчунин тақрибан ду баробар гирифтани патент кам шудааст. Шумори муҳоҷироне, ки патент мегирифтанд аз 6,2 ҳазор то 3,2 ҳазор нафар коҳиш ёфтааст. Ҷамъоварии андоз низ 22 дарсад коҳиш ёфтааст ва имсол ҳамагӣ 96 миллион рублро ташкил додааст.
"Барои муқоиса дар ҳамин давраи соли гузашта аз ҳисоби пардохти андози муҳоҷирони меҳнатӣ ба буҷаи ин минтақа 157,4 миллион рубл ворид шуда буд", - гуфта шудааст дар иттилоияи думаи минтақаи Томск.