Дар пойтахти ҷумҳурии эътирофнашудаи Қарабоғи Кӯҳӣ шаҳри Степанакерт аллакай нақлиёти ҷамъиятӣ, мағозаҳо ва ҳатто сартарошхонаҳо ба кори худ оғоз карданд.
Инчунин камбуди маводи ғизоӣ эҳсос намешавад. Дар шаҳр корҳои бозсозӣ баъд аз ҷанг идома доранд.
Ба кумаки мутахассисон ба Қарабоғи Кӯҳӣ кормандони КҲФ Русия низ ҳамроҳ шуданд. Онҳо барои барқарории иншоотҳои ғайринизомӣ кумак хоҳанд кард. Инчунин, поксозии роҳҳо аз минаҳо идома дорад ва сулҳбонони Русия пайроҳадорӣ ва гусели мошинҳои муҳоҷиронро идома дода истодаанд.
Маълумоти бештар дар бораи он ки чигуна Русия ба Қарабоғи Кӯҳӣ кумак мерасонад дар навори мо тамошу кунед.
Ёдрас мешавем, ки вазъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ дар охири моҳи сентябр шиддат гирифт. Рӯзи 9 ноябр миёни роҳбарони Русия Озарбойҷон ва Арманистон созишнома дар бораи оташбас дар минтақа ба имзо расид.
Сулҳбонони Русия дар Қарабоғ дар ҳошияи созишномаи имзокардаи Русия, Арманистон ва Озарбойҷон қарор доранд. Ба ин минтақа, Русия ҳудуди 2 ҳазор низомияшро ирсол кардааст. Мувофиқи созиш сулҳбонони Русия дар минтақа 5 сол мемонанд ва пас аз он истиқрорашонро автоматӣ тамдид мекунанд.