Вазорати тандурустӣ: сатҳи гирифторӣ ба бемории COVID-19 дар шаҳри Душанбе коҳиш ёфт

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкМедицинские работники и пациент в отделении интенсивной терапии ковид-госпиталя
Медицинские работники и пациент в отделении интенсивной терапии ковид-госпиталя - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ эълон кардааст, ки имрӯзҳо сатҳи гирифторӣ ба бемории COVID-19 дар ҷумҳурӣ, алалхусус дар шаҳри Душанбе коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Масъулини вазорати тандурустӣ таъкид доштаанд, ки ҳоло дар муассисаҳои сатҳи беморхонавии шаҳри Душанбе 8 нафар бо бемории COVID-19 бистарӣ шуда, дар сатҳи дармонгоҳӣ ё табобати хонагӣ 17 нафар бемор табобат мегиранд.

“Дар муассисаҳои сатҳи беморхонавии шаҳри Душанбе 63 нафар бемор ва дар сатҳи дармонгоҳӣ 30 нафар бемор бо илтиҳоби шуши  баъдиковидӣ ба табобат фаро гирифта шудаанд”, - қайд кардааст вазорат.

Гуфта шудааст, ки аз рӯзҳои аввали бақайдгирии бемории COVID-19 барои пешгирӣ ва табобати ин беморӣ муассисаҳои тандурустии пойтахти мамлакат бо таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ таъмин гардиданд.

Роспотребнадзор ввел всеобщий масочный режим - Sputnik Тоҷикистон
Олимон мегӯянд, COVID - и нав 10 баробар тезтар паҳн мешавад

Зикр шудааст, ки бо мақсади омодагӣ ба ҳолати эҳтимолии  мавҷи дуюми бемории COVID-19 Мақомоти шаҳри Душанбе якчанд корҳои назаррасро анҷом додааст.

“Ҳоло дар шаҳри Душанбе барои табобати ин гуна беморон зиёда аз 1000 кат пешбинӣ гардида, ҳангоми зарурат 2000 кати дигар  омода мебошанд. Бо мақсади  муътадил гузаронидани фасли зимистон имрӯз шуъбаҳои эҳё ва сироятии муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе аз нав таъмир  гардида, бо таҷҳизоти тиббии замонавӣ  таъмин карда мешаванд”,-қайд кардааст вазорати тандурустӣ.

Ҳамзамон корҳои таъмирӣ ва бо таҷҳизоти нави тиббӣ таъмин намудани шуъбаҳои сироятӣ ва эҳёи беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат, махсусан шаҳри Душанбе минбаъд низ идома дорад.

Таъкид шудааст, ки бо дастгирии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар анбори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе захираи зарурии маводи доруворӣ ва безараргардонӣ, маводи худмуҳофизатӣ, таҷҳизоту асбоби тиббӣ, аз ҷумла  дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ мавҷуд мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0