ДУШАНБЕ, 23 ноя – Sputnik. Гуфта мешавад, ҳодиса шоми 22-уми ноябр, соатҳои 18 рух додааст.
"Ронандаи автомашинаи тамғаи "Тайота-Фиелдер", Шамсов Далер Қурбоналиевич, соли таваллудаш 1995, сокини деҳаи Чаманзори шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти деҳаи Чаманзори шаҳри мазкур, дар километри 27-уми роҳи мошингарди "Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ" аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромадааст", - менависад манбаъ.
Дар натиҷа, ба автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", таҳти идораи ронанда, Ҳусейнов Маҳмадюсуф Қурбонович, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Душанбе, бархӯрдааст.
Бино бар иттилои ВКД, дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Дӯстова Холида Подабоновна, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Данғара, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳалокати пиёдагарду велосипедрон: ду садамаи мудҳиши марговар дар Тоҷикистон
Мусофири дигари ҳамин автомашина Тоҷиддини Хол, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Фархор, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.