ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Тавре масъулини Вазорати молияи Тоҷикистон таъкид доштанд аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба вазорату идораҳои дахлдор барои пардохти кумакпулиҳои якдафъаина дар маҷмӯъ 174 миллиону 944 ҳазору 400 сомонӣ ҷудо карда шудааст.
“Ба ҳолати 17 ноябри соли равон аз маблағи ҷудошуда 156 миллиону 100 ҳазору 400 сомонӣ хароҷот гардида, 390 ҳазору 251 нафар/оилаи осебпазир, аз ҷумла дар вилояти Хатлон 135 ҳазору 156 оила/нафар ба маблағи 54 миллиону 62 ҳазору 400 сомонӣ, вилояти Суғд 120 ҳазору 139 нафар/оила ба маблағи 48 миллиону 55 ҳазору 600 сомонӣ, вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 16 ҳазору 366 оила/нафар ба маблағи 6 миллиону 546 ҳазор 400 сомонӣ, шаҳри Душанбе 29 ҳазору 860 оила/нафар ба маблағи 11 миллиону 944 ҳазор сомонӣ ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 88 730 оила/нафар ба маблағи 35 миллиону 492 ҳазор сомонӣ аз кумакпулӣ бархӯрдор гардиданд”, - қайд кардааст масъули вазорати молия.
Гуфта шудааст, ки мутобиқи Фармони Президенти Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020 “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон” ба андозаи музди меҳнати ҳадди ақал кумаки яквақтаина барои табақаҳои осебпазири аҳолӣ пешбинӣ гардидааст.
Тибқи рӯйхатҳои аз ҷониби вазорату идораҳои марбута пешниҳодгардида, шумораи умумии табақаҳои осебпазир дар ҷумҳурӣ 437 ҳазору 361 оила/нафар, аз ҷумла, гирандагони нафақаи иҷтимоӣ 43 ҳазору 231 нафар, маъюбон 151 ҳазору 80 нафар, кӯдакони ятим, кӯдакони аз саробон маҳрумшуда 77 ҳазору 982 нафар, аз ин кӯдакони бесаробонмондаи муҳоҷирони меҳнатӣ 3000 нафар, кӯдакони маъюби то 16-солаи мубталои ВНМО/БПНМ 987 нафар, шаҳрвандони камбизоат (оилаҳои камбизоат) 163 ҳазору 781 оила, гурезагони камбизоати хориҷие, ки расман мақоми гуреза доранд, 300 нафарро ташкил медиҳанд.
Масълин гуфтанд, ки пардохти кумакпулии иҷтимоии якдафъаина ба табақаҳои осебпазири аҳолии мамлакат тибқи тартиби муқарраргардида идома дорад.