5 сол паиҳам: фурӯши рекордии тақвимҳо бо акси Путин дар Ҷопон - навор

Обуна шудан
Дар Ҷопон дар рахҳои мағозаҳо, тақвимҳо бо акси кишвардори Федератсияи Русия Владимир Путин пайдо шудааст

Дар тақвимҳо акси кишвардори Русия Владимир Путин бо либосҳои гуногун сабт шудааст. Агар дар як қатор тақвимҳо Владимир Путин бо либоси расмӣ аксбардорӣ шудааст, дар қисмати дигар ӯ бо либосҳои варзишӣ ва ё маъмулӣ инъикос ёфтааст.

"Ин тақвимҳо муддати панҷ сол мешавад, ки ба мағозаҳои Ҷопон роҳ ёфтаанд ва тӯли ин муддат аз серхаридтарин тақвимҳо мебошанд",- изҳор медоранд фурӯшандаҳои мағозаҳо.

Ба гуфтаи онҳо, ин тақвимҳо аслан аз ҷониби ҷавонони Ҷопон харидорӣ мешаванд.

Кадом аксҳои Владимир Путин ба тақвимҳо роҳ ёфтанд, аз навор тамошо кунед.

Лентаи хабарҳо
0