ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории Форс, бар асоси гузориши нашрияи “Экономист”, шаҳри Тошканд дар радабандии шаҳрҳои ҷаҳон ба лиҳози харҷи зиндагӣ мақоми 132 - ро касб кард ва дар радаи арзонтарин шаҳрҳои ҷаҳон қарор гирифт.
Таҳқиқот дар бораи харҷи зиндагӣ дар беш аз 130 шаҳри ҷаҳон дар соли 2020 беш аз 400 шохиси ҷудогонаро барои 138 навъи маводи ғизоӣ ва хадамот дар саросари дунё муқоиса кардааст.
Ҳонг Конг, Порис ва Зурих дар ин радабандӣ гаронтарин шаҳрҳои ҷаҳон дар соли 2020 қарор гирифтанд.
Ҳамчунин номи Сингапур, Тел-Авив, Осака, Женева, Ню-Йорк, Копенгаго ва Лос-Анҷелес дар феҳристи 10 шаҳри гарони ҷаҳон барои зиндагӣ сабт шудааст.
Дар миёни шаҳрҳои ҷаҳон Лусака дар Замбия, Каракас дар Венесуэла ва Алмаато дар Қазоқистон ва Димишқ дар Сурия унвони арзонтарин шаҳрҳои ҷаҳонро ба худ ихтисос додаанд ва пас аз онҳо Тошканд - пойтахти Ӯзбакистон қарор гирифт.