Таъсири COVID-19 ба иқтисодиёти Гулистон - шаҳри миллиардери Суғд

© SputnikВывеска город Гулистон
Вывеска город Гулистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҷмӯи корхонаи саноатии шаҳри Гулистони вилояти Суғд давмои даҳ моҳи соли ҷорӣ ба андозаи 1, 8 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд

 ДУШАНБЕ, 21 ноя – Sputnik. Фазлиддин Орипов, мудири шуъбаи саноати шаҳри Гулистон бо зикри ин рақам дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, сарфи назар аз мушкилии хуруҷи пандемияи COVID-19 шуморе аз корхонаи мавҷудбуда ҳаҷми истеҳсолотро ба андозаи нишонрас таъмин намуданд, вале маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ин давраи соли гузашта ҳамагӣ ба андозаи 68, 1 % иҷро шуд.

“Ҳоло ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти саноатии шаҳри Гулистон дар сатҳи вилояти Суғд 15, 1 % ва дар миқёси ҷумҳурӣ қариб 8 % ро ташкил мекунад”, - афзуд Орипов.
Продукты питания, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Гӯшт, шир ва тухм арзон мешавад? дар Суғд истеҳсолот афзоиш ёфт

Дар ду соли пеш ин нишондиҳандаҳои оморӣ баландтар рақам зада мешуд. Мудири шуъбаи саноат иброз намуд, ки бо сабаби доман паҳн намудани пандемияи COVID-19 дар кишвари Чин, дар давраи ҳисоботӣ “Ширкати кӯҳи - саноатии Тоҷикистону Чин” дар деҳаи Зарнисор, ки аз умдатарин коргоҳҳои саноатии шаҳр бо мушкили кадрӣ дучор шуд ва аз сабаби саривақт иваз накардани мутахассисон дуруст фаъолият накард ва аз ин ҳисоб маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ин давраи соли гузашта дар муқоисаи рақамҳо каме поёнтар шуд.

Рушди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Тоҷикистон

Гулистон аз шаҳрҳои саноатӣ дар шимоли Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бино ба иттилоъи ҳукумат, ҳоло шумори коргоҳҳои саноатиин шаҳр ба 34 адад расида, давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ ба андозаи 1 миллиарду 849 милиону 138, 8 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.

Масъулони шуъбаи саноат мегуяд, дар соли ҷорӣ корхонаҳои саноатии шаҳр бо 17 мамолики ҷаҳон ровобити тиҷоратӣ ба роҳ мондаанд.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии шаҳри Гулистон давмои даҳ моҳи соли ҷорӣ ба андозаи 113, 5 миллион доллар баробар шудааст, ки аз ин 79, 3 милион доллар ҳаҷми содирот ва 34, 2 миллион доллар ҳисаи воридоти маҳсулот мебошад.

"Маҳсулоти содиротии шаҳр асосан металлҳои қиматбаҳо, консентрат ва қолинҳо мебошанд. Ришта, қисмҳои эҳтиётӣ, таҷҳизот, гандум, равғани сир, ашёи хом барои истеҳсоли қолинҳо аз ҷумлаи маҳсулоти воридотӣ мебошанд. Гардиши савдои хориҷӣ давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ 113, 5 миллион долларро ташкил дод” - гуфт мудири шуъбаи саноати шаҳри Гулистон.

Озодамоҳ дар Суғд бо харҷи 600 ҳазор сомонӣ корхона бунёд мекунад

Гулистон аз ҷумлаи шаҳрҳои донор дар кишвар ба ҳисоб меравад. Ҳаҷми андози шуморе аз навоҳии субвенсионии Суғд аз ҳисоби даромадҳои ин шаҳр таъмин карда мешавад.

Лентаи хабарҳо
0