ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе як сагро, ки дар чоҳи умқаш то 5 метр афтода буд, берун оварданд.
Бино ба гузориши КҲФ, ин ҳодиса дар кӯчаи Маяковскии ноҳияи Синои пойтах уттофоқ афтодааст. Ба қисми навбатдории Кумита соҳиби ин саг занг зад ва гуфтааст, ки сагашро наметавонад аз чоҳ берун орад.
"Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ҷои ҳодса расида, вазъро арзёбӣ карданд. Маълум шуд, ки барои ин кор танҳо метавон аз таҷҳизоти Alpine истифода кард. Онҳо ба чоҳ поин шуданд ва сагро беозор боло оварданд", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки чун соҳиби саг он ҷо буд, ҳайвон ба наҷотдиҳандагон ҳеч муқовимате ҳам накард.
КҲФ мегӯяд, саги афтода ба чоҳ, солим берун оварда шуд ва ба ёрии байторӣ ниёз надошт.