ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Ҳунарманди шоистаи Ӯзбекистон Клара Ҷалилова дар синни 82 - солагӣ аз дунё чашм пӯшид, хабар медиҳад хадамоти матбуотии "Ӯзбеккино".
Ҳунарпеша бо нақшҳояш дар филмҳои "Бунт невесток", (Эътирози келинҳо) "Об этом говорит вся махалля", (Ҳама дар маҳалла дар ин бора мегӯянд) "Дуэль под чинарой", (Дуэл дар таги чинор) "Железная женщина" (Зани оҳанин) ва "Личина" машҳур аст.
Солҳои охир ҳунарпеша дар филмҳои ӯзбекӣ фаъолона нақш меофарид.
Сабаби даргузашти ҳунарманд гуфта нашудааст.
Даргузашти профессор Саидқул Сабзаев, собиқ ректори Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа
Клара Ҷалилова 8 июни соли 1938 ба дунё омадааст. Ӯ донишкадаи санъати саноати шаҳри Тошкандро хатм кардааст.
Ин ҳунарпешаро соли 1955 ҳунарманди машҳури опера Ҳалима Носирова муаррифӣ кард.
Вале ӯ пас аз нақши асосӣ дар филми мусиқӣ-мазҳакавии "Очарован тобой" (1958) дар миқёси Иттиҳоди Шӯравӣ машҳур шуд.
Дар умум Клара Ҷалилова дар 22 филм нақш офаридааст.