ДУШАНБЕ, 21 ноя – Sputnik. Валентина Чупик, як бонуи фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Русия, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Вечёрка" аз фаъолияти сафорати Тоҷикистон дар Русия ва сафири Тоҷикистон Имомуддин Сатторов тавсиф кардааст.
"Феълан сафорати шумо хело хуб кор мекунад. Онҳо аз дипломатҳои дигар кишварҳо дида, хело беҳтар фаъолият мебаранд. Сафир инсон ва корманди хело хуб аст ва консулҳо низ беҳтаринанд", - таъкид мекунад вай.
Ба гуфтаи ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, дар қабули фармони 274, ки ҳуҷаатҳои будубоши муҳоҷиронро тамдид кард, саҳми сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бузург аст.
"6 апрел сафири Тоҷикистон аз ҳукумати Русия ин дархостро кард ва сипас раиси парлумони Ӯзбекистон ҳам хоҳиш карданд ва маҳз ҳамин ҷидду ҷаҳдҳо буд, ки ба муҳоҷирон сабукӣ дода шуд", - меафзояд вай.
Аз чор се дархости сафирро мақомоти Русия, ба ғайр аз кӯмаки тибӣ қабул кард, лекин маҳз сафири Тоҷикистон буд, ки ин мавҷро боло кард, таъкид кардааст Чупик.
Сафорат ва Домодедово хабарҳо дар бораи банд мондани тоҷикон дар фурудгоҳро рад карданд
Ёдрас мешавем, фармони рақами 274-и президенти Русия аз 18 апрели соли 2020 "Дар бораи чораҷӯиҳои муваққатии ба эътидол овардани ҳолати ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва нафарони бидуни шаҳрвандӣ дар Федератсияи Русия дар робита бо таҳдиди минбаъдаи паҳншавии коронавируси нав (COVID-19)" ба муҳоҷирон имконият қонунан будубош намудан дар ҳудуди Русияро дод.
Валентина Чупик нақши Сатторовро дар пешгирии порагирӣ дар сафорат калидӣ арзёбӣ кард.
Ба гуфтаи вай, дар давраи роҳбарияти пештараи сафорат барои тамоми хизматҳо пул мегирифтанд: аз мӯҳр сар карда, то шиносномаву шаҳодатномаи ронандагӣ.
Ҳамчунин фаъолияти контораҳои зиёд дар атрофи сафорат ки бо ивази пул миёнравӣ мекарданд, аз байн бардошта шуд.
Ба фикри Чупик, ҳамчунин маҳз бо ташаббуси сафири Тоҷикистон тафтишотҳои беҳудаву пайгириҳои Раёсати вазорати умури дохила дар ноҳияи Арбати Маскав бозистонда шуданд.
"Онҳо дар назди дарвоза одамонеро, ки бештарашон ба сафорат барои хабар додан аз гум шудани ҳуҷҷатҳояшон мемомаданд, мебурданд. Ва бо баҳонаи надоштани ҳуҷҷат депорташон мекарданд. Сатторов ба раёсати вазорати умури дохилаи Маскав муроҷиат кард ва ин амали милисаҳои Арбат дар натиҷа қатъ гардид", - мегӯяд вай.
Фаъолияти консули Тоҷкистон Парвиз Назарзода низ шоистаи таҳсин аст. Ӯ ба боздошти ғайриқонунии муҳоҷирон дарҳол вокуниш мекунад: ё дарҳол ба шӯъбаи полис меравад ва ё занг мезанад, то муҳоҷирон халос шаванд, мегӯяд Валентина.
Сатторов: аз Маскав хотираҳои зиёд дорам
Ҳуқуқшинос ҳамчунин афзуд, ки ҳангоми пандемия сафорат бо дастгирии тоҷирон муҳоҷиронро дар Маскав ва Қазон кӯмаки моддӣ кард.