ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Қаҳҳорзода зимни суҳбат дар бораи буҷа барои соли 2021 дар парлумон гуфт, барои таъмини уҳдадориҳои берунаи давлат дар назди созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва сиёсӣ, инчунин пардохти аъзоҳаққиҳо ва намояндагиҳои дипломатӣ маблағҳо пешбинӣ шудаанд.
Ба гуфтаи вазири молия, барои фаъолияти сиёсати беруна дар маҷмӯъ 294,8 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Ӯ тавзеҳ дод, ки аз ин маблағ барои нигоҳдории намояндагиҳои дипломатии ҷумҳурӣ дар хориҷа 194,8 миллион сомонӣ харҷ хоҳад шуд.
Дар мавриди пардохти ҳаққи узвияти Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилаллӣ, Файзиддин Қаҳҳорзода илова намуд, ки пардохти аъзоҳаққии кишвар дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ 100 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Буҷаи соли 2020 қабул шуд: 1,6 миллиард бештар аз соли гузашта
Дар маҷмӯъ ба иттилои нашрияи парлумонии “Садои мардум”, дар буҷаи соли оянда барои пардохти музди меҳнат аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ 6 миллиард сомонӣ, ё 28,4 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти ҷории буҷети давлатӣ ба нақша гирифта шудааст.