ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Дар бораи вазъи муҳоҷирон дар шаҳри Санкт-Петербург, губернатор Александр Белов нақл кард, навиштааст "Невские новости".
Ба гуфтаи губернатор вазъи муҳоҷирон дар Санкт-Петербург дар маҷмӯъ назоратшаванда мебошад.
“Таҷаммӯи оммавии шаҳрвандони хориҷӣ, ки имкони бозгашт ба Ватанашонро надоранд, то ҳол ба қайд гирифта нашудааст”, - изҳор дошт губернатор.
Белов афзуд, муҳоҷирони дармондаро мақомот дар киштиҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳои обӣ ва инчунин шаҳракҳои хаймавии Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ҷой медиҳанд.
Инчунин губернатори Санкт-Петербург иттилоъ дод, ки барои кумак ба муҳоҷирон шабакаи махсуси телефонӣ фаъол шудааст, ки ба корафтодагон дар масоили гуногун, аз ҷумла тиббию иҷтимоӣ машварат медиҳад.
Дар баробари ин хориҷиён метавонанд, бо суолҳояшон ба гуруҳи махсус, ки дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" ташкил шудааст, муроҷиат намоянд.