Даргузашти Муъминҷонов, табиби осебшинос дар ноҳияи Ашт

© Стас ЭтвешПохороны в Таджикистане, архивное фото
Похороны в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Озодалӣ Муъминҷонов, табиби осебшинос ва собиқ мудири Бемористони марказии ноҳияи Ашт дар синни 68-солагӣ аз дунё даргузашт

ДУШАНБЕ, 20 ноя – Sputnik. Манобеъ аз Бемористони марказии ноҳияи Ашт бо таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки Муъминҷонов вақтҳои охир аз маризии сиррози ҷигар ранҷ мекашид ва аз оғози соли равон кор дар бемористони вилояти Свердловски Русияро ҷамбаст намуда, худ дар зодгоҳаш деҳаи Сарой табобат мегирифт.

“Дирӯз аз шиддати беморӣ ҷон ба Ҷонофарин таслим намудаанд. Худо раҳмат кунад, табиби бо таҷриба буданд”,  - зикр намуд манбаъ аз Бемористони ноҳияи Ашт.

Марҳум аз табибони ҳирфаӣ ва бародарбузурги доктори илмҳои филологӣ Зулфиддин Муъминҷонов ва генерал Муъминҷонзода Баҳриддин мебошад.

Свеча - Sputnik Тоҷикистон
Даргузашти профессор Саидқул Сабзаев, собиқ ректори Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа

Озодалӣ Муъминҷонов 15 апрели соли 1952 дар деҳаи Саройи ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт таваллуд шудааст.

Соли 1974 Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Синоро хатм намуда, дар шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи № 1 и шаҳри Хуҷанд (собиқ Ленинобод) курси интернатурӣ гузаштааст.

Аз соли 1976 фаъолияти ҳамчун табиби осебшинос фаъолияти меҳнатиашро дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ашт шурӯъ намудааст.

Дар хона табобат мегирифт: даргузашти табиби маъруф Шарипов аз "илтиҳоби шуш" дар Суғд

Соли 1991 мудири шуъбаи осебшиносӣ таъйин шуда то соли 2008 дар ин вазифа кор кардааст.

Соли 2009 ба вилояти Свердловски Русия сафар карда аз рӯи ихтисос ҳудуди даҳ сол дар беморхонаи ин кишвар фаъолият намудааст. Соли 2019 Муъминҷонов бо он, ки аз беморӣ ранҷ мекашид, аз Русия ба Ватан баргашт.

Даргузашти Ибодуллоев, табиби шинохтаи тоҷик аз "илтиҳоби шуш"

Ҷанозаи ӯ, дирӯз бо ҳузури пайвандону дӯстон ва ҳамкасбонаш дар деҳаи Саройи ноҳияи Ашт ба хок супурда шуд.

Лентаи хабарҳо
0