ДУШАНБЕ, 19 ноя - Sputnik. Шаб дар Тоҷикистон заминҷунбии 4,1 балла ба вуқӯъ пайваст, хабар медиҳад Маркази зилзиласанҷии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон.
Заминларза дар шимоли Тоҷикистон соати 22:10 бо вақти Душанбе ба қайд гирифта шуд.
Тибқи маълумоти маркази зилзилисанҷӣ, ин ҳодиса дар умқи 10 километр рух додааст.
Дар баробари ин, заминҷунбии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистони Ӯзбекистон ва 70 километр дуртар аз он, ҳамчунин дар Ҷиззак ва 95 километр дуртар аз ин минтақа эҳсос шудааст. Дар ин ҷо қувваи заминларза 2 баллро ташкил додааст.
Заминларзаи 5,2 баллӣ Тоҷикистонро такон дод
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон то ҳол дар ин бора хабар нашр накардааст.
Дар бораи хисороти молию ҷонӣ низ чизе гуфта намешавад.