Вазорат: боз 41 ҳолати нави сироятёби ба COVID-19 - ро сабт кард

© Sputnik / Антон Вергун / Гузариш ба медиабонкМедицинские работники ковид-госпиталя, архивное фото
Медицинские работники ковид-госпиталя, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт бар асари коронавирус дар ҷумҳурӣ сабт нашудааст

ДУШАНБЕ, 19 ноя – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 41 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Люди в масках в городе - Sputnik Тоҷикистон
Ситоди Хатлон: тадбирҳои беҳдоштӣ барои пешгирӣ аз мавҷи дуюми вирус пурзур мешаванд

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ афзуд,  дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 19 ноябр 11 ҳазору 772 ҳолатро ташкил медиҳад.

“Дар як шабонарӯзи охир 43 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11 ҳазору 148 нафар баробар гардид. Бар асари ин беморӣ 86 нафар фавтидаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Вазорати тандурустӣ илова намудааст, ки то имрӯз 94,7%-и гирифторон аз коронавирус шифо ёфтаанд.

Таъкид шудааст, ки  Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Лентаи хабарҳо
0