Трамп аз Раҳмон ёд кард: табрикот баъд аз як моҳ

© Фото : Официальная страница президента РТ в FacebookПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент США Дональд Трамп
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент США Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Доналд Трамп, раисҷумҳури феълии Амрико баъд аз як моҳ Президенти Тоҷикистонро барои пирӯзиаш дар интихоботи президентӣ, ки 11 октябри соли равон баргузор шуд, табрик кард

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Тоҷикистон ба унвони Эмомалӣ Раҳмон аз номи Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Ҷон Трамп барқияи табрикӣ ворид гардид.

Американцы празднуют победу Джо Байдена на президентских выборах - Sputnik Тоҷикистон
Анҷоми давраи Трамп: шаҳрвандони Амрико чӣ гуна пирӯзии Байденро ҷашн мегиранд - видео

Доналд Трамп дар барқияи табрикотиаш аз ҷумла қайд кардааст: “Мехоҳам аз номи Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ва мардуми Амрико табрикоти худро ба муносибати ба маснади Президенти Тоҷикистон интихоб гардиданатон ирсол дорам”.

“Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида шарикии пойдори байни кишварҳоямонро бар асоси манфиатҳои муштараки мо дар пешбурди сулҳу субот дар тамоми Осиёи Марказӣ баланд арзёбӣ мекунад”, - зикр кардааст Трамп.

Вай ҳамчунин қайд кардааст, ки миллатҳои ду кишвар муносибатҳоеро барқарор кардаанд, ки ба афзоиши робитаҳои байни шаҳрвандон ва ҳукуматҳои Тоҷикистону Амрико мусоидат мекунанд.

“Ман ба Шумо барои дастгириатон дар соҳаҳои дорои аҳамияти дуҷониба ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла амният ва субот дар Афғонистон ташаккур мегӯям. Солҳои оянда, чун мо дар самти ҳадафҳои мутақобилаи худ бо мақсади таҳкими ниҳодҳои демократӣ ва рушди иқтисодӣ саъй менамоем, муносибатҳои қавии байни кишварҳоямон боз ҳам рушд хоҳанд ёфт”,  - таъкид доштааст Доналд Трамп.

Лентаи хабарҳо
0