Роҳ ба сӯи зиндагии ором: сулҳбонони рус долони Лочинро аз минаҳо пок карданд

Обуна шудан
Нерӯҳои сулҳбонони рус пурра долони Лочин ва қисмҳои роҳ ба сӯи Степанакерт –пойтахти напазируфтаи Қарабоғи Кӯҳӣро аз минаҳо пок карданд. Онҳо ҳамчунин нуқтаи назоратӣ дар наздикии шаҳри Шуша таъсис доданд

Ин иқдом ҳаракати мошинҳо дар роҳи долони Лочин имконпазир кард. Аввалин мошинҳо алакай дар ин роҳ ҳаракатро шурӯъ карданд. Дар ояндаи наздик интизор меравад тавассути ин роҳ муҳоҷирон ба хонаҳои худ баргарданд.

Войны в Карабахе можно было избежать: откровенное интервью Путина - видео - Sputnik Тоҷикистон
Ин филм нест, балки фоҷиа аст: мусоҳибаи Путин дар бораи ҷанги Қарабоғ - видео

Вазъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ дар охири моҳи сентябр шиддат гирифт. 9 ноябр миёни роҳбарони Русия Озарбойҷон ва Арманистон созишнома дар бораи оташбас дар минтақа ба имзо расид.

Сулҳбонони Русия дар Қарабоғ дар ҳошияи созишномаи имзокардаи Русия, Арманистон ва Озарбойҷон қарор доранд. Ба ин минтақа,

Русия ҳудуди 2 ҳазор низомияшро ирсол кардааст. Мувофиқи созиш сулҳбонони Русия дар минтақа 5 сол мемонанд ва пас аз он истиқрорашонро автоматӣ тамдид мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0