ДУШАНБЕ, 19 ноя - Sputnik. Раиси тозатаъини шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода рӯзи нахустини фаъолияти худро ба сифати шаҳрдори Хуҷанд бо азназаргузаронии омодагӣ ба зимистонгузаронии хоҷагии роҳ ва дигар сохторҳои ободонии шаҳр оғоз кард.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии мақомоти шаҳри Хуҷанд, Фирдавс Шарифзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд баъди боздиди худ аз кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд бо масъулин ситоди фаврӣ гузаронида, ҷиҳати вусъатбахшии корҳо дар самтҳои мухталифи сарраёсати ободонӣ дастуру супоришҳои мушаххас додааст.
Таъкид шуд, ки аллакай фасли зимистон аз худ дарак медиҳад ва мардум бояд беосеб ба кору манзили худ расанд.
"Сохторҳои дахлдор бояд тамоми захираҳои маводи лағжишро дар кӯча ва хиёбонҳои шаҳр вобаста ба фасли зимистон захира намоянд ва дар сурати зарурат ба миён омадан самаранок истифода кунанд", - гуфтааст ӯ.
Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби сохторҳои дахлдори мақомоти шаҳри Хуҷанд ҷиҳати омодагӣ ба фасли зимистон беш аз 500 тонна маводҳои лағжиш захира ва ҳамарӯза 10 адад техникаҳои гуногун сафарбар карда мешаванд.
Усули домино: чаро дар Тоҷикистон тағйироти кадрӣ амалӣ мешавад?
Фирдавс Шарифзода, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд ҷиҳати саривақту бонизом гирифтани партовҳо ва батартибдарории кӯчаву хиёбонҳои шаҳр низ ба масъулини ободонӣ дастуру супоришҳои қатъӣ дод.