Исроил хостори харидории ваксинаи русӣ алайҳи коронавирус шуд.
Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу изҳор дошт, ки масъалаи харидории "Спутник V" - ро бо президенти Русия Владимир Путин баррасӣ кард.
Исроил нахустин кишваре нест, ки хостори харидории ваксинаи сохти русӣ шудааст, пештар кишварҳои Осиёи Миёна аз ҷумла Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ҳамчунин Белорусу Молдова ва Ҳиндустону Чин низ омодагии худро барои дастрас кардани ваксин изҳор дошта буданд.
Ваксини зидди коронавируси Русия: маълумотҳо дар бораи "Спутник V" фавран дастрас мешаванд
Урупо ин хабарҳоро бо мушкил қабул кард. Ва ба Венгрия кӣ мехоҳад ваксинро озмоиш кунад, бо ҷорӣ кардани таҳримот таҳдид намуд.
ВУХ Венгрия масъалаи эмкуниро "сиёсатзада" хонд ва изҳори умедворӣ кард, ки ҳамаи давлатҳое, ки ба омода кардани ваксин машғул ҳастанд, комёб шаванд.