Вазорат: марг бар асари COVID-19 нест, аммо 40 ҳодисаи нави беморӣ сабт шудааст

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузариш ба медиабонкВрач и пациенты в отделении реанимации и интенсивной терапии
Врач и пациенты в отделении реанимации и интенсивной терапии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт бар асари коронавирус дар ҷумҳурӣ сабт нашудааст

ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 40 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Городская клиническая инфекционная больница в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон
Вазорат омори нави гирифторӣ, шифо ва марг аз коронавирусро дар Тоҷикистон нашр кард

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ афзуд,  дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 17 ноябр 11 ҳазору 689 ҳолатро ташкил медиҳад.

“Дар як шабонарӯзи охир 42 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11 ҳазору 61 нафар баробар гардид. Бар асари ин беморӣ 85 нафар фавтидаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Вазорати тандурустӣ илова намудааст, ки то имрӯз 94,6%-и гирифторон аз коронавирус шифо ёфтаанд.

Таъкид шудааст, ки  Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

Лентаи хабарҳо
0