Норозиён ҳар рӯзи якшанбе ба кӯчаҳо мерезанд. Раванди эътирозҳо дар навори кӯтоҳ намоиш дода шуд.
Норозиён аз натиҷаи интихоботи президентии Белорус, ки 9 август баргузор шуд, баъди он даст ба эътирозот заданд.
Ҳамоишҳои оммавӣ бештар дар рӯзҳои истироҳат, аз ҷумла якшанбеҳо баргузор мешуданд.
Хеле зуд дар кӯчаҳои Минск ва шаҳрҳои дигар ҳамоишҳои эътирозӣ ба зуҳуроти маъмулӣ мубаддал шуданд. Истгоҳҳои метро баста, интернети мобилӣ масдуд, техникаи махсус дар кӯчаҳои шаҳр, нерӯҳои зиёди пулис ва хабарҳо дар бораи боздоштҳо аз аз мавзӯҳои меҳварии гузоришҳо аз Белорус мебошанд.
Бештар иштирокдорони роҳпаймоиҳо саф-саф ба кӯчаҳо мерезанд, аммо баъзан маъмурин нақшаи эътирозгаронро тағйир медиҳанд.
Бо гузашти вақт бархе аз сокинони Белорус ба ҷонибдории Александр Лукашенко, раисиҷумҳури интихобшудаи ин кишвар роҳпаймоиҳо баргузор мекунанд. Сад рӯзи ахири Белорус дар сад сония дар навор тамошо кунед.